Пайвандҳои дастрасӣ

Суханронии солонаи Медведев дар баробари Дума


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев дар суханронии солонаи худ ба барномаҳои навсозии иқтисоди кишвараш таъкид кард. Вай гуфт, ки ислоҳоти иқтисодӣ ба хотири дастёбӣ ба пешрафтҳои бештар лозим аст:

“Дар асоси дидгоҳҳои ман дар бораи ояндаи Русия эътимоди комил ба зарурат ва имконпазир будани идеяи касби мақоми як давлати абарқудрате бар пояи заминаҳои комилан нав қарор дорад”.

Вай гуфт, ки мавқеи Русия дар ҷаҳон ва шукуфоии миллии он дар гузашта ба ҳеҷ сурат наметавонад чун дастовардҳои ҳамешагии ин кишвар арзёбӣ шавад. Ин дуюмин суханронии солонаи Медведев дар баробари парлумони кишвараш мебошад.
XS
SM
MD
LG