Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши мақомоти интихоботӣ чӣ хоҳад шуд?


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки замони интихоботи порлумонии кишвар аз моҳи феврал ба баҳор гузаронида шавад. Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, замоне, ки барои интихоботи порлумонӣ таъин шудааст, мувофиқ нест ва сардиҳои зимистону мушкилоти дастрасӣ ба барқ омодагиҳои ҳизбҳоро ба интихобот мушкил мекунад. Ӯ гуфт, дар пешорӯи интихобот ҳизбҳои сиёсӣ бояд бо интихобкунандаҳояшон дидору мулоқот карда онҳоро барои ширкат дар раъйдиҳӣ таблиғ кунанд. Ҳизбҳои сиёсии кишвар аз он нигарон ҳастанд, ки дар мавсими зимистон вазъи манотиқи рустову кӯҳдомани кишвар назар ба шаҳрҳои калонтарини ҷумҳурӣ аз бебарқӣ бештар азият мешаванд, дар ҳоле, ки аксар ҷамъияти қобили раъй дар ҳамин минтақаҳо ба сар мебаранд. Комиссиюни интихоботҳои Тоҷикистон моҳи гузашта расман эълон кард, ки интихоботи нави парлумонии кишвар моҳи феврал доир хоҳад шуд. Ҳанӯз вокуниши мақомоти интихоботӣ ба ин даъвати ҳизби сотсиал-демократ дар даст нест.
XS
SM
MD
LG