Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Обама ба Осиё шурӯъ мешавад


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама имрӯз сафари кории худро ба кишварҳои Осиё шурӯъ мекунад. Нахуст ӯ ба Ҷопон барои дидор бо нахуствазир Юкио Ҳатояма хоҳад рафт, ки гуфтааст, хостори хатми равобити амниятӣ бо Амрико мебошад. Дар равобити ин ду кишвар инчунин танише дар робита бо пойгоҳи низомии Амрико, воқеъ дар ҷазираи Окинава эҳсос мешавад, ки эҳтимолан ба ин мавзӯъ ҳам таваҷҷӯҳ зоҳир шавад. Рӯзҳои шанбеву якшанбе Обама дар нишасти ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиёву Уқёнусия дар Сингапур ширкат мекунад. Ба узвияти ин созмон 21 кишвар, ки 40 дар сади ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳанд, шомил мебошанд. Сафари баъдии ӯ ба Шонгҳою Пекин дар назар аст, ки дар ҷараёни он қарор аст Обама бо ҳамтои чиноиаш Ҳу Ҷинтао дидору мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG