Пайвандҳои дастрасӣ

Як гурӯҳи дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башари САҲА бо фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, ВАО ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ошно шуд.

Ин ҳайати САҲА ҳангоми мулоқотҳо танҳо ба ҳарфи афроди сиёсии Тоҷикистон ва хабарнигорон гӯш доданду тамом. Дар робита бо бардошти ин ҳайат чизе гуфта намешавад, онҳо аз шарҳи ин ё он масъала худдорӣ карда гуфтанд, дар ояндаи наздик хулосаҳои худро ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон ироа мекунанд. Ин ҳайат бо роҳбарони расонаҳои мустақили Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом додаанд. Азбаски онҳо ҳозир нашуданд, ки дар бораи ҷузъиёти вохӯрӣ ба хабарнигорон шарҳ диҳанд, ба ҷониби дигари ин дидорҳо муроҷит кардем.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон, ки дар ин вохӯрӣ иштирок дошт, мегӯяд, чунин нишастҳо бо раисони аҳзоб ва ВАО муқаррарӣ буда, таври маъмул дар арафаи маъракаҳои интихоботӣ доир мешаванд. Номбурда ба натиҷагириҳои мухталифи САҲА ва гурӯҳи нозирони ИДМ ишора мекунад:
«Ҳамдигарфаҳмӣ дар фаъолияти ин созмонҳо нест, тавре нозирони САҲА камбудиҳои интихоботҳои Тоҷикистонро ошкор мекунанд, аммо нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шаффофияти интихоботҳоро эълон мекунанд».

Мухтор Боқизода, раиси Созмони дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон, мегӯяд, чунин вохӯриҳои созмонҳои байналмилалӣ ба баргузории интихоботи шаффоф зиёд мусоидат намекунад. Ба гуфти Боқизода, беҳтар он мебуд, ки дар Тоҷикистон Хазина ё худ Фонди дастгирии чунин маъракаҳои муҳими сиёсиро таъсис медоданд ва ё ҳизбҳо худашон як хазинаи муштарак барои маъракаҳои тарғиботӣ таъсис медоданд. Мухтор Боқизода гуфт:
«Вале, мутаассифона, шояд ҷомеаи Тоҷикистон ба ин чиз омода нашудааст ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳам то ҳанӯз ба дарки чунин таблиғоти сиёсӣ нарасидаанд. Ва ин омаду рафти созмонҳои хориҷӣ ягон натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.»

Мӯсо Асозода, раиси Ассосиатсияи васоити ахбори оммаи электронии Тоҷикистон, мегӯяд, имрӯз ВАО-и мустақил ва давлатии Тоҷикистон дар фазои маҳдуд фаъолият доранд ва бахши бузурги фазои иттилоотии кишварро расонаҳои хориҷӣ ва ё кишварҳои ҳамсоя иҳота кардаанд.

Дар ин нишаст, ҳамчунин роҳбарони ВАО-и мустақили Тоҷикистон дар бораи мушкилоти реҷаи барқ, ки ба пахши барномаҳо монеъ мегардад, тағйири замони интихоботи парлумонӣ аз зимистон ба дигар фасл, ҳамкории заифи ҳизбҳои сиёсӣ бо ВАО, таъсири бӯҳрон ба ВАО, вазъи феълии матбуоти чопӣ ва электронӣ, дар доираи маҳдуд пахш шудани барномаҳои радиоҳо ва телевизионҳои мустақил ва омодагии ВАО ба интихоботи шаффоф назари хешро иброз доштаанд.
XS
SM
MD
LG