Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни Кони Мансури Тоҷикистон Русияро "бедор" кард


"Независимая Газета" чопи Маскав навиштааст, Русия кони бузургтарини нуқра дар ҷаҳонро, ки Тоҷикистон барояш ваъда карда будааст, нахоҳад гирифт. Дар ин маврид рӯзнома Кони Мансур дар шимоли Тоҷикистонро дар назар дорад, ки барои кор дар он ҳукумати Тоҷикистон озмуни байналмиллалӣ эълон кард. Тоҷикистон ба унвони кишвари мустақил бо назардрошти сиёсати дарҳои боз ин корро кардааст. Вале ин рӯзнома навиштааст, ки гӯё Душанбе аз сиёсати Маскав дилсард шудааст ва озмун эълон кардааст. Захираи нуқра ва маъданҳои дигар дар Кони Мансури Тоҷикисон як миллиард тонро ташкил медиҳад. Танҳо захираи нуқра дар ин кон бештар аз 50 000 тон арзёбӣ шудааст. Ин кон барои фаъолият ба 2 миллиард доллар сармоягузорӣ ниёз дорад. Барандаи озмунро коршиносони Сандуқи Байналмиллалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ таъйин хоҳанд кард. Аммо рӯзномаи " Независимая Газета" аз қавли як мақоми дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешгӯӣ кардааст, ки дар ин озмун Чин пирӯз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG