Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Директори филми Русия аз бемории зуком даргузашт


Мария Соловцова-директори филми Русия дар шаҳри Минск-пойтахти Белорус аз бемории зукоми хук даргузашт. Вадим Гусев-намояндаи сафоратхонаи Русия дар Минск гуфтааст, хонум Соловцова дар аввали ҳамин ҳафта ба бемористони шумораи 3-и шаҳри Минск бо нишонаҳои бемории роҳи нафаскашӣ бистарӣ шуда буд ва рӯзи сешанбе аз беморӣ даргузашт. То ҳол пизишкону дӯстонаш озмоишҳои лабратворӣ анҷом медиҳанд, то дақиқ шавад, ки вай воқеан аз зукоми хук даргузаштааст ё хайр. Гусев гуфтааст, Солоцова 44 сол дошт ва дар Белорус филми мустанад ба навор мегирфт.
XS
SM
MD
LG