Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Обама бо фармондеҳони аршади артиш


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико барои баррасии стратегияи нави кишвараш дар қиболи Афғонистон бо фармондеҳони аршади артиши Амрико мулоқот кард. Кохи Сафед мегӯяд, Обама дар ояндаи наздик тасмими худро дар бораи фиристодан ё нафристодани 40 000 нируи изофӣ барои мубориза бар зидди Толибон ба Афғонистон эълон хоҳад кард. Ин мулоқти 8-ӯм аз чунин навъ аст ва он дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки тибқи назарсанҷиҳо беш аз пеш шумораи бештари амрикоиҳо бар ин боваранд, ки ҷанг дар Афғонистон хуб пеш намееравад ва бовари онҳо ба роҳҳои ҳали пешниҳодкардаи Обама камтар мешавад. Мақомоти давлати Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, Обама мехоҳад рӯшан кунад, ки уҳдадориҳои Амрико дар Афғонистон беохир нест.
XS
SM
MD
LG