Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинежод:Эрон таъсисоти ҳастаишро дифоъ мекунад


Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, кишвараш аз таъсисоти ҳастаии худ дифоъ мекунад. Тибқи хабари матбуот, Аҳмадинежод гуфтааст, муттаваққиф сохтани барномаҳои ҳастаии Эрон "кори номуносибест" ва ҳоло Теҳрон дар "сатҳи олӣ" бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ ҳамкорӣ мекунад. Аҳмадинежод гуфтааст, Эрон ба "суоли муҳим" рӯ ба рӯ шудааст, ки пешниҳоди ин Ожонсро дар бораи ғанисозии урани худ дар хориҷ бипазирад ё хайр. Қаблан Русия аз Эрон хоста буд, ки ба дархости ин Ожонс посухи мусбат диҳад.
XS
SM
MD
LG