Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел Рӯзи Оштиро дар Порис таҷлил кард


Дирӯз Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон барои таҷлил аз 91-ӯмин солгарди Ҷанги Ҷаҳонии якӯм дар Порис бо ҳам мулоқот карданд. Бори аввал раҳбари Олмон дар маросиме, ки ба таслими Олмон баъд аз 4 соли ҷанг иртибот дорад, ширкат меварзад. Ҳар ду раҳбар бар пояи қабри Сарбози Номаълум дар назди Дарвозаи Ғалаба ё Арки Триумф гулчанбар гузоштанд ва ба нишонаи эҳтиром дақиқае сукут ихтиёр карданд. Дар ҳоле, ки Саркозӣ дар паҳлӯи Ангела Меркел қарор дошт, аз дӯстии Фаронсаву Олмон, ба гуфтаи худаш "баъд аз солҳо ҷангу маҳрумиятҳо" дар ду ҷанги ҷаҳонӣ ситоиш кард.
XS
SM
MD
LG