Пайвандҳои дастрасӣ

Ду мақоми нави Иттиҳодияи Аврупо интихоб хоҳанд шуд


Дар нишасти навбатии сарони Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи 19 ноябр дар Брюссел баргузор хоҳад шуд, барои нахустин бор раиси Шӯрои Аврупо ва намояндаи ин шӯро дар умури сиёсати беруна ва амният интихоб хоҳанд шуд. Ба Шӯрои Аврупо нахуствазирҳои кишварҳои узви Иттиҳодия шомил мешаванд. Ин ду мақоми нав тибқи Созиши Лиссабон таъсис шудаанд, ки қарор аст авоили моҳи оянда ба ҳукми қонун дарояд.
XS
SM
MD
LG