Пайвандҳои дастрасӣ

Қотили хонуми мисрӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд


Алекс Винс, миллатгарои олмонӣ, ки моҳи июл як хонуми мисриро дар толори додгоҳи шаҳри Дрезден ба қатл расонда буд, ба ҳабси абад маҳкум шуд. Аз ин пеш ҳадс зада мешуд, ки шояд эълони ҳукм ба таъхир уфтад, зеро шаҳрванди рустабори Олмон Алекс Винс қабл аз кӯчидан ба ин кишвар дар соли 2003 ба маризии рӯҳӣ ваё шизофрения мубтало буд.
31 июли соли равон Винс ба бадани дорусози мисрӣ Марво Ал-Ширбинӣ дар толори додгоҳи Дрезден, ки он ҷо имрӯз мурофиа идома кард, 16 бор корд зад. Куштори ғайриинтизор ва ваҳшиёна дар толори пуриздиҳом ҳангоме рух дод, ки додгоҳ мавзӯъи муноқишаи лафзии миёни Винс ва хонум Ал-Ширбиниро бознигарӣ мекард. Он замон Ал-Ширбинӣ ҳомила буд ва дар батнаш тифли семоҳа дошт. Винс ба бадани Илвӣ Оказ, шавҳари Ал-Ширбинӣ, ки мехост аз хонумаш дифоъ кунад, низ бо корд чанд зарба зад.
Дар кишварҳои исломӣ даъватҳое барои куштори Винс садо доданд ва аз ин рӯ ҳангоми мурофиа аз чораҳои шадиди амниятӣ кор гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG