Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА намояндаи худро ба Пхенян мефиристад


Задухурди ахир миёни киштиҳои низомии Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ тасмими Амрико барои фиристодани намояндаи вижаи худ ба Кореяи шимолиро тағйир нахоҳад дод. Ба гуфтаи Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА, ҳадафи аслии фиристодаи вижа Стивен Босворт – мутмаин сохтани Пхенян барои баргаштан сари мизи музокирот оид ба барномаи ҳастаии Кореяи шимолист.
Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи ҷанубӣ, баъд аз бархурди мусаллаҳонаи дирӯза бо киштии Кореяи шимолӣ ба баҳри Зард, дар ҳоли омодабош қарор гирифтанд. Ба иттилоъи Сеул, дар ин бархурд як афсар аз Кореяи шимолӣ ба ҳалокат расид ва ба киштии ҳамсояҳои шимолӣ осеби ҷиддӣ расид. Ким Тэ-ён, вазири дифоъи Кореяи ҷанубӣ, зимни суханронӣ дар парлумон гуфт, ки имкони ҳамла аз сӯи Кореяи шимолиро байид намедонад.
XS
SM
MD
LG