Пайвандҳои дастрасӣ

Юшенко барои мубориза бо зуком маблағ ҷудо намекунад


Виктор Юшенко, раисиҷумҳури Украина, аз имзои қонун дар бораи тахсиси як миллиард гривна (баробар ба 125 миллион доллари амрикоӣ) барои мубориза бо хуруҷи маризии зуком сарпечӣ карданист. Тибқи қонун, бояд ба буҷаи кишвар барои соли 2009 тағйирот ворид шавад. Ба ақидаи Юшенко, тахсиси маблағи иловагӣ боиси беқурбшавии пули миллӣ хоҳад шуд. Сарвазир Юлия Тимошенко сарпечии раисиҷумҳур аз имзои қонунро чун “харобкорӣ” арзёбӣ кард.
Ба иттилоъи расмӣ, айни ҳол беш аз як миллион сокини Украина ба маризии зуком мубтало шудаанд ва, аз ҷумла, теъдоди бузург гирифтори маризии зукоми хуканд. Вазорати беҳдошти Украина хабар дод, ки то имрӯз бар асари сармозадагӣ дар кишвар 189 нафар аз олам даргузаштаанд.
XS
SM
MD
LG