Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай 19 ноябр савганд ёд мекунад


Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Афғонистон Ҳомиди Карзай рӯзи 19 ноябр доир мешавад. Генерал Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон дар Кобул ба хабарнигорон изҳор намуд, ки дар ин маросим мақомоти бархе аз вазоратҳои Афғонистон ҳузур хоҳанд дошт ва аммо дар мавриди он ки кадом намояндаҳои хориҷӣ барои ширкат дар маросими савгандёдкунӣ даъват шудаанд, чизе нагуфт.
Ҳомиди Карзай баъд аз он дубора мақоми раисиҷумҳури Афғонистонро соҳиб шуд, ки рақибаш дар даври дуввуми интихоботи президентӣ Абдулло Абдулло, бо сабаби мутмаин набуданаш ба интихоботи озоду шаффоф дар кишвар, аз идомаи сабқат даст кашид.
XS
SM
MD
LG