Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «А» дар шаҳри Ҳошимини Вйетнам ду бозӣ анҷом дод.

Футболбозони тоҷик дар нахустин бозии худ бар тими Туркманистон бо ҳисоби 7:3 пирӯз шуданд. Шерзод Ҷумъаев чаҳор гол, Алишер Улмасов ва Дилшод Восиев якголӣ ба самар расонданд. Инчунин як голро бозигари туркман Байраммурод Эсенмамедов ба дарвозаи дастаи худ зад.

Вале дастаи Тоҷикистон дар бозии дуввумаш аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Ду голи Тоҷикистонро Алишер Улмасов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расонданд. Аз дастаи ғолиб ду голро Дилшод Қодиров ва як голро Евгений Малинин заданд.

Ҳоло мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бо 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 9-6) дар ҷои дуввум қарор дорад. Қирғизистон бо 6 имтиёз (11-5) дар ҷои аввал аст. Туркманистон бо 3 имтиёз (5-7) севум мебошад. Афғонистон, ки дар ҳарду бозӣ аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:8 ва Туркманистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир аст.

Дар даври охирини сабқати интихобӣ 12-уми ноябр нахуст Қирғизистон ва Туркманистон, сипас Тоҷикистон ва Афғонистон қувваозмоӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG