Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарвозабони дастаи мунтахаби футболи Олмон ва дастаи “Ҳанновер”-и он кишвар Роберт Энке худро аз болои пул ба роҳи оҳан афканд.

Ба иттилоъи пулис, Энке худкушӣ кардааст.

Ин ҳодиса шоми дирӯз дар маҳаллаи Нойштадт-ам-Рюбенберге, воқеъ дар канори шаҳри Ҳанновер рух дод ва Энке дар зери чархҳои қатори масири Ҳамбург-Бремен ба ҳалокат расид.

Раҳбарони дастаи “Ҳановер” гуфтанд, худкушии дарвозабони маъруф бо футбол ягон бастагӣ надорад ва ҳамзамон аз ибрози сабабҳои дигари фоҷиа худдорӣ карданд. Мураббии даста Мартин Кинд ба нашрияи The Times, чопи Лондон, гуфт, ки рӯзҳои ахир Энке ба афсурдагӣ мубтало буд.

Роберт Энке, ки 32 сол дошт, аз соли 2007 дарвозабони дастаи мунтахаби Олмон буд ва дар ҳайати даста 8 бор ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ яке аз довталабони узвият ба дастаи мунтахаби Олмон буд, ки соли оянда дар бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG