Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми ду блогнависи ҷавони озарӣ


Як додгоҳи шаҳри Боку ду блогнависи ҷавони озариро бо иттиҳоми “авбошӣ” барои ду ва дувуним солӣ равонаи зиндон кард. Аднон Ҳоҷизода ва Эмин Миллӣ, тобистони соли равон баъд аз як муноқиша дар тарабхона боздошт шуда буданд. Онҳо дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтанд, ки парвандаашон ангезаи сиёсӣ дорад, зеро дар блогҳои худ мақомоти Озарбойҷонро танқид мекарданд.
Вакилони мудофеъи Аднон Ҳоҷизода ва Эмин Миллӣ изҳор намуданд, ки барои бознигарии ҳукми додгоҳ ва сафед кардани афроди таҳти ҳимояташон талош хоҳанд кард. Додситонӣ тақозо дошт, ки блогнависҳо барои се ва севуним сол маҳкум ба зиндон шаванд.
XS
SM
MD
LG