Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сарзаминат боғу бӯстон, Қирғизистони манӣ,"


Шоир аз чап
Шоир аз чап
Сарзаминат боғу бӯстон, Қирғизистони манӣ,
Ҳамҳудуду ошно бо Тоҷикистони манӣ.
Таърихат мисле надорад дар тамаддуни башар,
Достонхони «Манас» чун достондони манӣ.
Мулки зебоят ба ман гаҳвораи модар бувад,
Хоку сангат ҳам азизу зеби остони манӣ.

Ин сатрҳо ба шоири тоҷики муқими Қирғизистон Шарифҷони Учқӯрғонӣ тааллуқ дорад. Вай қаблан дар нашароти Душанбе ва Хуҷанди бостон ду китоби худро ба табъ расонидааст. Чанде пеш нашриёти «Адиб» китоби севвуми ӯро бо номи «Таҷрибаи рӯзгор» мунташир намуд, ки сарсухани онро Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар навиштааст.

Ҳамчунин, бо саъйу эҳтимоми адиб ва журналисти қирғизтабори муқими Бишкек Мирзоҳалим Каримов, ки гуфта мешавад, зодаи ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон мебошад, маҷмӯаи ашъори Шарифҷони Учқӯрғонӣ таҳти унвони «Ҳаётамро ба ту бахшидаам» ба забони қирғизӣ низ интишор ёфт. Ба гуфтаи худи шоир Учқӯрғонӣ унвони ин китоб аз шеъре гирифта шудааст, ки ба завҷаи шодравонаш бахшидааст.

Дар маросими муаррифии ду китоби шоир дар зодгоҳи ӯ - деҳаи зебоманзари Учқӯрғони вилояти Ботканд, меҳмонони зиёд ҷамъ омаданд. Суханҳои зиёд гуфт шуд. Гурӯҳи омӯзгорони мактаби миёнаи ба номи устод Айнӣ, ки маҳз дар ин мактаб Шарифҷони Учқӯрғонӣ беш аз чиҳил сол фаъолият кардааст, бар асоси ашъори ӯ намоишномаи мусиқиро таҳти унвони «Садои рӯҳи модарон» ба маърази тамошо гузоштанд. Ҳунарпешаи хонаи маданияти ноҳияи Қадамҷо Улуғбек Комилов бар матни ашъори Шарифҷони Учқӯрғонӣ чанд таронаи дилангез хонд.

Номзади илми филология Назирҷон Вафоқулов зимни суханронӣ ба он нукта таваҷҷӯҳи аҳли маҳфилро кашид, ки Шарифҷони Учқӯрғонӣ солҳои дароз ба иншои шеър машғул буд, вале дар нашри китоб ё маъмӯаи ашъори худ ҳаргиз саросема нашуд. Оқои Вафоқулов афзуд, баъди он ки фурсати нашри ин китобҳо расид, фарзандони ӯ ва дӯстони шоир дар ин маврид камари ҳиммат бастанд ва чаҳор китоби ӯ ба муштариён пешкаш гардид.

Дар поёни маросими муаррифии китобҳои шоир Учқӯрғонӣ бо баъзе иштирокчиёни он сӯҳбат оростам. Саидазим Пӯлодӣ, яке аз собиқадорони меҳнат, мегӯяд, деҳаи Учқӯрғон бо чиҳил доктор ва номзади илм, як нафар академики худ ифтихор мекунад, вале ягон адиби тоҷики муқими кишвараш ба узвияти иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон пазируфта нашудааст.
Ба таъкиди ӯ, нашри китоби Шарифҷони Учқӯрғонӣ ба забони қирғизӣ имкон хоҳад дод, ки ин орзуи деринаи мардуми деҳааш рӯи об барояд.

Майрамхон Ҳасанхӯҷаева, ҳамсӯҳбати дигари мо, дар мактаби ба номи устод Айнӣ аз забони англисӣ дарс мегӯяд. Вай гуфт, Шарифҷони Учқӯрғонӣ аввалин шуда, ашъори тозаи худро ба омӯзгорон ва хонандагони мактаби онҳо муаррифӣ мекунад ва мухлисони шеъри вай дар ин мактаб хеле зиёданд. Ба гуфтаи Майрамхон Ҳасанхӯҷаева, Шарифҷони Учқӯрғонӣ ифтихори тоҷикони Қирғизистон аст.

Дар сӯҳбат бо Озодӣ Шарифҷони Учқӯрғонӣ дар баробари он ки аз маросими муаррифии ду китобаш ибрози хушҳолӣ намуд, ҳамзамон, бо таассуф иброз дошт, ки пешрафти замон ва тараққии илму фан, технологияҳои наву замонавӣ бояд мунҷар ба он шавад, ки шумораи заковатмандон биафзояд. Вай таъкид кард, ки дар ин авохир шумораи китобхонҳо хеле коҳиш дидааст.
XS
SM
MD
LG