Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарвозабони дастаи футболи Олмон худкӯшӣ кард


Дарвозабони дастаи мунтахаби Олмон ва дастаи “Ҳановер” Роберт Энке худро аз болои пул ба роҳи оҳан афканд. Ба иттилоъи полис, Энке худкӯшӣ кардааст. Ин ҳодиса шоми дирӯз дар маҳаллаи Нойштадт-ам-Рюбенберге, воқеъ дар канори шаҳри Ҳановер рух дод ва Энке дар зери чархҳои қатори масири Ҳамбург-Бремен ба ҳалокат расид.
Раҳбарони дастаи “Ҳановер” гуфтанд, ки худкӯшии дарвозабони маъруф бо футбол ягон бастагӣ надорад ва ҳамзамон аз ибрози сабабҳои дигари фоҷиа худдорӣ карданд. Мураббии даста Мартин Кинд ба нашрияи The Times, чопи Лондон, гуфт, ки рӯзҳои ахир Энке ба афсурдагӣ мубтало буд.
Роберт Энке, ки 32 сол дошт, аз соли 2007 дарвозбони дастаи мунтахаби Олмон буд ва дар ҳайати даста 8 бор ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ яке аз довталабони узвият ба дастаи мунтахаби Олмон буд, ки соли оянда дар бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG