Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Созмони ҷаҳонии олимпичиён - дар Тоҷикистон


Ричард Дуглас Дик, раиси Созмони ҷаҳонии олимпичиён, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон бо раҳбарону масъулини соҳа, варзишгарону мураббиён якчанд мулоқот анҷом дод.

Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ричард Дуглас Дик бо даъвати Зебуннисо Рустамова, раиси Шӯрои олимпичиёни Тоҷикистон, тӯли се рӯз дар кишвари мо меҳмон буд. Зимни мулоқоти ӯ бо Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, бо масоили ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ҳаракати олимпӣ, инчунин, саҳми Созмони ҷаҳонии олимпичиён дар рушди варзиш дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ричард Дугласи амрикоӣ, ҳамчунин, аз якчанд мактабҳою муассисаҳо ва иншооти варзишии шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, Норак ва навоҳии Ҳисору Рӯдакӣ дидан кард. Вай, аз ҷумла, пас аз шиносоӣ бо вазъи Ҳавзи ҷумҳуриявии шиноварӣ дар Душанбе изҳор намуд, ки барои тармими ин иншоот кӯмак хоҳад кард».

Ричард Дуглас Дик Фосбери соли 1968 дар Олимпиадаи Мехико дар ҷаҳидан ба баландӣ ғолиб шуда буд. Ӯ ҳоло ҳамчун навовари тарзи муосири ҷаҳидан ба баландӣ, ки «фосбери-флоп» ном дорад, машҳур мебошад.
XS
SM
MD
LG