Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Кореяи ҷанубӣ барои дифоъ аз ҳамсояи шимолӣ


Нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи ҷанубӣ, баъд аз бархурди мусаллаҳонаи дирӯза бо киштии Кореяи шимолӣ ба баҳри Зард, дар ҳоли омодабош қарор гирифтанд. Ба иттилоъи Сеул, дар ин бархурд як афсар аз Кореяи шимолӣ ба ҳалокат расид ва ба киштиии ҳамсояҳои шимолӣ осеби ҷиддӣ расид. Ким Тэ-ён, вазири дифоъи Кореяи ҷанубӣ, зимни суханронӣ дар парлумони кишвар гуфт, ки имкони ҳамла аз сӯи Кореяи шимолиро байид намедонад.
XS
SM
MD
LG