Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров – қаҳрамони Осиё


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар шаҳри Гуанчҷоуи Чин медали тилло ба даст овард.

Дилшод Назарови 27-сола, раиси Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон, гурзро ба дурии 76 метру 92 сантиметр ҳаво дода, байни 14 нафар, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, мақоми аввалро касб кард ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.

Алӣ Зенкавӣ, аз Кувайт, бо натиҷаи 73 метру 45 сантиметр дар ҷои дуввум қарор гирифт. Линаҷ Ма, варзишгари Чин, бо натиҷаи 69 метру 49 сантиметр ҷои севумро касб кард.

Варзишгари дигари тоҷик Алишер Эшбеков бо натиҷаи 61 метру 13 сантиметр дар байни даҳ гурзандози беҳтарини қораи Осиё ҷойгир шуд.

Дар сабқати занон дар гурзандозӣ шарафи варзиши тоҷикро Галина Митяева ҳимоя хоҳад кард.

Вале ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Аҷмал Амиров ва Фарҳод Қуралов - ба нокомӣ дучор шуданд. Амиров дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 1500 метр бо натиҷаи 4:02.73 ҷои 9-умро соҳиб шуд. Қуралов бошад, дар даври муқаддамотӣ масофаи 400 метрро дар зарфи 49,42 сония тай намуда, дар ҷои 5-ум қарор гирифт. Ҳарду аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гаштанд.

Ҳамчунин Аҷмал Амиров боз дар давидан ба масофаи 5000 метр ва Фарҳод Қуралов ба масофаи 800 метр қувваозмоӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG