Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии худ дар шаҳри Душанбе лоиҳаи қонун дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2010-ро қабул кард.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар, ҳини шарҳи нуктаҳое аз буҷаи соли оянда гуфт, буҷа зиддибӯҳронӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ҳаҷми ММД дар соли 2010 24,5 миллиард сомонӣ ба назар гирифта шудааст, ки ин рақам тақрибан чаҳор миллиард сомонӣ аз ММД-и имсола бештар будааст.

Дар буҷаи нав сатҳи рушди истеҳсолот дар ҳаҷми 5 дарсад ва таваррум 9 дарсад дар назар гирифта шудааст. Иқтисоддорони Тоҷикистон арзиши як доллари амрикоиро дар давоми соли 2010 дар сатҳи 5 сомонӣ ба нақша гирифтаанд.

Вазири молияи кишвар ҳамчунин гуфтааст, дар буҷа барои бунёди нерӯгоҳи Роғун тахсиси 650 миллион сомонӣ ба назар гирифта шудааст.

Барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ёрипулиҳо ва моҳонаи кормандони буҷавӣ 1,1 миллиард сомонӣ ва барои соҳаи маориф 1 миллиарду 68 миллион сомонӣ ба назар гирифта шудааст. Дар соли 2010 соҳаи беҳдошт 404 миллион сомонӣ ва фарҳангу варзиш 214 миллион сомонӣ хоҳанд гирифт.

Буҷаи зиддибӯҳронии соли оянда 6 миллиарду 537 миллион сомониро дарбар дорад, ки ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, барои соли 2010 низ хислати иҷтимоии буҷа ҳифз шудааст.

Бо вуҷуди он ки ин буҷа зиддибӯҳронӣ талаққӣ шуд ва ба бархӯрди бархе аз депутатҳои фаъол рубару нашуд, Муҳиддин Кабирӣ аз ҲНИТ, гуфт, қоил шудани имтиёзҳои беасос ба фалсафаи буҷаи зиддибӯҳронӣ муғоират дорад. Вай гуфт, "Қасри Миллат, Китобхонаи Миллат аз миллат аст. Мо иддао надорем. Вале имтиёз қоил шудан ба сохтмони меҳмонхонаҳои панҷситораӣ дар шароити бӯҳронӣ барои мо норӯшан аст. Мо бояд ин имтиёзҳоро ба замоне мавқуф гузорем, ки буҷаи Тоҷикистон беҳтар шавад."

Масъалаи муҳимми дигаре, ки намояндагони мардумӣ матраҳ карданд, ин мавзӯъи пулҳои ҷамъоваринашуда ба бахши даромади буҷа аст, ки ҳамасола афзоиш меёбад ва иҷрои буҷаро номумкин месозад. Шодӣ Шабдолов пешниҳод кард, корхона ва ё шахси алоҳида, аз ҷумла, тоҷире, ки аз додани андоз сарпечӣ мекунад, муҷозот шавад. Ин пешниҳод пазируфта шуд. Шодӣ Шабдолов аз ҲКТ аз тавсеаи бозори сиёҳ дар ин авохир изҳори ташвиш кард ва гуфт, дар чанд соли ахир ҳаҷми бозори сиёҳ дар Тоҷикистон 63 дарсадро ташкил дода буд ва дар бархе аз навоҳӣ ба 80 дарсад расида буд. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳаҷми бозори сиёҳ боз ҳам афзудааст. Шодӣ Шабдолов гуфт, тавсеаи бозори сиёҳ аз пардохт накардани молиёт аз сӯи корхона ва ашхоси имтиёздор маншаъ мегирад. Вай гуфт, то ба ҳол на давлат ва на порлумон дар ҳалли ин мушкил иқдом накардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз намояндагони мардумӣ, корхонаҳо ва раҳбарон миллионҳо сомонӣ маблағи буҷаи имсоларо ба яғмо бурдаанд ва қарор аст, дар рӯзи 27-уми моҳи ҷорӣ Маҷлиси намояндагон бо ширкати вазири молия ин масъаларо баррасӣ кунанд.

Ба ин далел, намояндагони мардумӣ аз вазири молия тақозо карданд, ки як ниҳоди контроли масрафи буҷаро дар соли оянда ташкил кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG