Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни ҳукумати Тоҷикистон барои Кони Мансур


Ҳукумати Тоҷикистон барои ширкат дар истихроҷи маъодини Кони Мансур озмун эълон кардааст. Дар ин бора хабаргузории ПРАЙМ-ТАСС хабар додааст. Дар ин кон нуқраву сурб ва маъдани руй ё цинк истихроҷ мешавад. Ин озмун то 14-ӯми декабр давом мекунад ва тибқи эълони мазкур ба он метавонанд ширкатҳое дархост фиристанд, ки таҷрубаи хуби корӣ дар ин бахш ва имконоти кофии молӣ доранд. Кони Мансур дорои бузургтарин захираи нуқра дар ҷаҳон мебошад. Захираи умумии маъданҳои номбаршуда дар ин кон тақрибан як миллиард тон ҳадс зада мешавад. Вале танҳо захираи нуқра бештар аз 50 000 тон аст. Дастандаркорон гуфтаанд, барои роҳандозии ин корхона ва истихроҷи маъдан беш аз 2 миллиард доллар зарур аст.
XS
SM
MD
LG