Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама дар ёдбуди Форт Ҳуд ширкат мекунад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико барои ширкат дар маросими ёдбуди 13 сарбози амрикоӣ ва ононе, ки дар ҳодисае дар Форт Ҳуд кушта шудаанд, ба ин маҳал рафт. Гуфта мешавад, ки ин тиарнадозӣ аз тарафи саргурд Низол Малик Ҳасан-табиби равоншинос анҷом гирифтааст. Роберт Гиббз-сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Барак Обама зимни суханронии худ умед дорад мардумро ташвиқ кунад, ки хотираи қурбониён дар ёдҳо зинда хоҳад монд ва дар эъломияи нируҳои мусаллаҳ дарҷ хоҳад шуд. Малик Ҳасан, ки дар ин тирандозӣ гумонбар дониста мешавад, ҳамчунон дар бемористон қарор дорад, вале гуфта мешавад, ки ҳоло ба ҳуш омадааст.
XS
SM
MD
LG