Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон маҳдудияти истифоди барқ ҷорӣ шуд


Дирӯз ширкати "Барқи Тоҷик" эълон кард, ки пайомадҳои қатъи интиқоли нируи барқ дар қаламрави Тоҷикистон бартарф шудааст. Дар баробари ин, дар баъзе аз қисматҳои Тоҷикистон маҳдудияти истифодаи нируи барқ ҷорӣ шудааст. Дар ин бора Нозирҷон Ёдгорӣ-сухангӯи ин ширкат ба матбуот хабар додааст.Дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудияти истифодаи нируи барқ Санъат Раҳимов-раиси ширкати "Барқи Тоҷик" дастуре имзо кардааст. Ин дар ҳолест, ки раҳбарони Тоҷикистон то ҳол дар бораи имконоти бештари таъмини аҳолии Тоҷикистон бо нируи барқ сӯҳбат мекарданд.
XS
SM
MD
LG