Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири нави Тоҷикистон бо Бердимуҳаммадов вохӯрд


Хабаргузориҳои Туркманистон иттилоъ додаанд, ки дирӯз Абдураҳим Ашӯр-сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон бо Қурбонгулӣ Бемдимуҳаммадов-раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, дастури рӯзи ҷалсаи кумиссиюни муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистонро, ки қарор аст дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, баррасӣ кардаанд. Ин кумиссиюн масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фанниро баррасӣ мекунад.
Миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бораи харидории нируи барқи Туркманистон барои зимистон тавофуқот вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG