Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон донишҷӯро аз зиндон раҳо кард


ИРНО-хабаргузории расмии Эрон иттилоъ додааст, ки мақомоти ин кишвар як донишҷӯи Данияро, ки дар робита бо тазоҳуроти эътирозии зиддидавлатии Теҳрон ҳафтаи гузашта боздошт шуда буд, аз зиндоне раҳо кардаанд. Ин донишҷӯ бо номи Нейлз Кросгорд аз 4-ӯми ноябр ба ин сӯ зиндонӣ буд. Вай дар маҳали тазоҳуроти 30-юмин солгарди тасарруфи сафоратхонаи Амрико дар Теҳрон боздошт шуда буд. 4 рӯзноманигори дигар, яъне 2 рӯзноманигори канадаӣ, як ҷопонӣ ва як эронӣ низ дар ин тазоҳурот боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG