Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созандаи "Калашников" Қаҳрамони Русия шуд


Дирӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ба Михоил Калашников созандаи мусалсал ё автомати тамғаи "Калашников" унвони "Қаҳрамони Русия" дод. Дар ҷараёни як маросим, ки дар Кохи Кремли Маскав ба муносибати 90-солагии зодрӯзи Калашников баргузор шуд, Дмитрий Медведев аз ин мусалсал ситоиш кард ва гуфт, ки ҳоло ин ҷангафзор ба ифтихори ҳар шаҳрванди Русия табдил ёфтааст. Мусалсали Калашников, ки бо номи АК-47 низ машҳур аст, соли 1947 ихтироъ шуд ва ҳоло дар 55 кишвари ҷаҳон силоҳи расмии артиши миллӣ дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG