Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагони Чаҳорсада ба 20 нафар расид


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ки дирӯз дар натиҷаи инфиҷори як мошини бамгузоришуда дар Чаҳорсада, маҳале дар шимоли ғарби Покистон дастикам 20 нафар кушта шудаанд. Бештар аз 40 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба баъзе гузоришҳо, як бамгузори интиҳорӣ худро мунфаҷир сохтааст, вале гузоришҳои дигар мегӯяд, ки мошини бамгузоришуда дар маҳали пуродами шаҳрак мунфаҷир шудааст. Толибони Покистон қавл додаанд, ки дар посух ба амлиёти поксозии артиши Покистон дар манотиқи қабиланишини марзӣ бо Афғонистон ҳамлаҳои худро бештар мекунанд.
XS
SM
MD
LG