Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қандаҳор амбори маводи зарурии бам кашф шуд


Нируҳои НАТО ва пулиси Афғонистон дар шаҳри Қандаҳор амбори бузурги маводеро пайдо кардаанд, ки ба гуфтаи мақомот, чунин мавод барои сохтани бам истифода мешудааст. То ҳол аз ин мавод тақрибан 200 бами роҳ сохта шудааст. Бами роҳ василаест, ки аз он бештар Толибон истифода мекунанд. Мақомоти НАТО умедворанд, ки бо кашфи ин амбор тавоноии Толибон барои ҳадаф қарор додани нируҳои хориҷӣ поин хоҳад рафт. Аз ин амбор миқдори зиёди хокаи мунфаҷира ва 5 000 қисми зарурии бами роҳ ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG