Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори нирӯҳои Аврупо дар Афғонистон намеафзояд


Карл Билдт, вазири хориҷаи Шветсия, ки раёсати давраии ИА-ро бар ӯҳда дорад, имрӯз дар Кобул гуфт, шумори нирӯҳои ИА дар Афғонистон тақрибан дар сатҳи кунуниаш боқӣ хоҳад монд. Ин дар ҳолест, ки Амрико кишварҳои Аврупоро ба тасвиби барномаи афзоиши нирӯҳо дар Афғонистон ташвиқ мекунад.
Билдт, ки бо як сафари дурӯза дар Кобул ба сар мебарад, имрӯз бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай масоили вазъи мушкили моҳҳои ахир дар ин кишварро баррасӣ кардааст.
Билдт стротежии нави ИА дар мавриди Афғонистонро муаррифӣ кард, ки афзоиши кӯмакҳо ба рушди ин кишвари ҷангзадаро фаро мегирад.
XS
SM
MD
LG