Пайвандҳои дастрасӣ

Саудия ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи ҳузиҳоро идома медиҳад


Муовини вазири дифоъи Арабистони Саудӣ Холид бин Султон гуфт, Саудия ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи чирикиҳои яманиро то замони хуруҷи онҳо аз марзи ин ду кишвар идома хоҳад дод.
Бин Султон хабарҳои нашршуда аз ҷониби чирикиҳои зайдиро, ки бо номи ҳузиҳо низ маъруфанд, таъйид кард. Чирикиҳо мегуфтанд, ки ҳавопаймоҳои Саудия ба бомборони сангарҳои онон дар дохили хоки Яман идома медиҳанд.
Ба хоки Арабистони Саудӣ ворид шудани чирикиҳои яманӣ дар ҳафтаи пеш боиси бомбборони шадиди мавқеъҳои ҳузиҳо аз ҷониби нирӯҳои Саудӣ шуд.
Чирикиҳо мегӯянд, имрӯз бар асари ҳамлаи ҳавоии Саудия дар як рустои марзии Яман ду зан кушта ва як кӯдак захмӣ шуд.
Дар ҳамин ҳол, вазири умури хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ иддаоҳо дар мавриди пуштибонии Теҳрон аз гурӯҳҳои чирикӣ дар Яманро радд кардааст.
XS
SM
MD
LG