Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи феълии Афғонистон коршиносони Маркази пажӯҳишҳои амниятии Ҷейнси Лондонро водор кардааст, заминаҳои тақвияти толибҳоро баррасӣ кунад.

Онҳо ба натиҷае расидаанд, ки камии нерӯҳои байнулмилалӣ ва нокифоятии фаъолиятҳои ҳарбии онҳо, заъфи ҳукумати Карзай, таҳкими сохторҳои ташкилии Толибон ва талоши онҳо ба ҷалби пуштибонии аҳолии маҳаллӣ аз омилҳои умдаи бозгашти толибҳо ба саҳнаи Афғонистон будааст.
"Дар шароити феълӣ барои ҳукумати Афғонистон ва шарикони байнулмилалии он фавқулода мушкил аст, ки аз паҳн шудани нуфузи Толибон бар бахши бузурги аҳолӣ, махсусан дар деҳот пешгирӣ намояд...

Гузориши нави Маркази пажӯҳишҳои амниятии Ҷейнс дар Лондон, барои онҳое ки камубеш бо таърихи навтарини Афғонистон ошноянд, давраи ишғоли ин кишвар аз тарафи Иттиҳоди Шӯравиро ба ёд меорад. Ҳукумат Кобул ва марказҳои маъмуриро таҳти назорат дорад, деҳот, ки бахши аъзами аҳолӣ он ҷо ба сар мебарад, зоҳиран тобеи ин ҳукумат, вале амалан зери нуфузи мухолифонанд.

Вале Ҷеремӣ Бинӣ, сардабири гузориши Терроризм ва ошӯб дар Маркази пажӯҳишҳои амниятии Ҷейнс, мегӯяд, ҳарчанд аз бисёр ҷиҳат нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ имрӯз дар Афғонистон тақрибан дар ҳамон ҳолате ҳастанд, ки нерӯҳои Шӯравӣ дар солҳои навадуми садаи гузашта буданд, тафовутҳои умда низ вуҷуд доранд.

Вай мегӯяд: "Миқдори аслиҳа ва анвои он фарқ мекунад. Толибон силоҳи пешрафта надоранд, монанди мушакҳое, ки чархболҳои шӯравиро суқут медоданд ва ба ҳаракати онҳо монеъ мешуданд. Сониян, дар он давра ҳафт ҷиноҳи умдаи муҷоҳидин мавҷуд буд, ки бо ҳамдигар дар рақобат буданд, вале ҳоло як ҷиноҳи асосист, таҳти сарварии Мулло Муҳаммад Умар, ки мехоҳад, ҳамаи гурӯҳҳои дигарро то дараҷаи муайян зери назорат дошта бошад."

Ба гузориши пажӯҳишгарони амниятии Ҷейнс, дар як соли охир Толибон ситоди марказии худро бо номи "Шӯрои Кветта" тақвият доданд, ки ба ғайр аз Мулло Умар даҳ чеҳраи асосии онҳоро муттаҳид мекунад. Ин шӯро дар ҳамаи вилоятҳои Афғонистон намояндаи худро дорад, ки ҳар кадом ба чандин гурӯҳи мусаллаҳ назорат мекунад.

Дигаргунии муҳимтарин дар тактикаи Толибон ба вуқӯъ пайваст, ки ин муносибати ҳасана бо мардуми осоишта ва ташкили додгоҳҳои шариатӣ барои онҳост.

Шӯро дастур додааст, ки фармондеҳон бо аҳоли маҳаллӣ робитаи хуб дошта бошанд ва онҳое, ки бо мардум бадрафторӣ мекунанд, ронда шаванд. Ва мардум барои ҳалли баҳсҳои обу замин ё талоқу тиҷорат на ба додгоҳҳои ҳукумат, ки онҳоро фасодзада мешуморад, балки ба додгоҳҳои толибон муроҷиат мекунад. Ба Толибон ҳатто муяссар шудааст, ки ҳайат ва додгоҳҳои сайёр таъсис диҳанд.

Аммо муовини мудири "Радиои Афғонистони Озод", Ҳошими Моҳманд мегӯяд, ҳарчанд чунин додгоҳҳо вуҷуд доштаанд, вале доимамалкунанда набудаанд: "Танҳо дар маҳалҳои бисёр дурдаст ва он ҳам дар давраи тасарруфи ин маҳалҳо аз тарафи Толибон чунин муҳокимаҳо ба амал омадаанд. Аммо нерӯҳои ҳукумат ва эътилоф ба ҳар маҳалле, ки дар он ҷо таҷаммӯъи толибҳо дида мешавад, зарба мезананд ва ин додгоҳҳо низ аз байн мераванд. Яъне ин як ҳолати муваққатӣ будааст."

Дар гузориши Маркази пажӯҳишҳои амниятии Ҷейнс гуфта мешавад, густариши манотиқи нуфузи Толибон ва тақвияти сохтори идории он шароити ташкили "ҳукумати пинҳонӣ"-и толибҳо гаштааст, ки тавонистааст, шабакаи тарафдорони Ҳаққонӣ ва Ҳизби исломии Гулбиддини Ҳикматёрро ба тарафи худ ҷалб кунад.

Гуфта мешавад, агар Шӯрои Кветта тавонад, ки тактикаи нави херо ба ин ду ҷиноҳ низ таҳмил кунад, таъсири ҳукумати пинҳонии Толибон аз ҳукумати ҷаноби Карзай низ бештар хоҳад шуд.

Ҷеремӣ Бинӣ, сардабири гузориши Терроризм ва ошӯб дар Маркази пажӯҳишҳои амниятии Ҷейнс, мегӯяд: "Дар шароити феълӣ барои ҳукумати Афғонистон ва шарикони байнулмилалии он фавқулода мушкил аст, ки аз паҳн шудани нуфузи Толибон бар бахши бузурги аҳолӣ, махсусан дар деҳот пешгирӣ намояд."

Аммо Ҳошими Моҳманд, муовини мудири "Радиои Афғонистони Озод", ба ин нукта розӣ нест ва мегӯяд, ҷиноҳҳои мухталиф бо вуҷуди он ки ошӯб онҳоро ба ҳам муттаҳид мекунад, дар пайи ташкили иттиҳоде нестанд: "Хабаре, ки гӯё Шӯрои Кветта ба ду ҷиноҳи дигар бартарӣ пайдо кардааст, ба дасти мо нарасидааст. Баракс онҳо байни ҳам рақобати шадид доранд ва Ҳаққонӣ аз мардум даъват кардааст, бо толибҳо ҳамкорӣ накунанд."

Вале дар гузориши Маркази пажӯҳишҳои амниятии Ҷейнс як нукта оварда мешавад, ки Шӯрои Кветта Ҳаққониро волии Хост таъин кард ва талош дорад, аз ҳисоби даромадҳои худ ба ӯ кӯмак кунад.

Дар ҳамин гузориш гуфта мешавад, ки ҳукумати пинҳонии Толибон дар ҷамъоварии андоз аз ҳукумати Кобул муваффақтар будааст. Аммо бархе аз коршиносон танҳо дар Ҳилманд байни 30 то 40 миллион доллар молиёт ғундоштани толибҳоро зери шубҳа гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG