Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Агар мушоҳида карда бошед, дар аксари мусофирбарҳои хусусӣ ва кӯчаву хиёбон, бозору мағозаҳо мардуми Тоҷикистон аз тариқи дастгоҳҳои мухталиф гуш ба мавъизаи хутабову уламо ва донишмандони ислом медиҳанд.

Ҷомеаи Тоҷикистон 99 дарсад мусалмон аст, аммо назари мардум ба ин маъвизаҳо якранг нест. Бархе аз паҳлуи баландгӯякҳои бозору масҷид бетафовут мегузаранд, бархи дигарро садои омиронаву ҳукмгаронаи маъвизагӯ нигарон мекунад.

Равшанфикрон мегӯянд. беҳтар мебуд, агар тарғибу ташвиқи фарҳанги таҳаммул ва тафаккури озод ин гуна ба роҳ монда шавад. Аз сӯи дигар аҳли мазҳаб мегӯянд, талоши онҳо барои покии ҷомеа имону инсофи мардум аст, ки дар чанд соли ахир рӯ ба инқироз овардааст.

Мазмуни бархе мавъизаҳо ва шеваи гуфтори воизин гоҳо боиси эътирози шадиди гурӯҳе аз мардум ва мақомот мешавад. Мусодира ва маҳви диску фиттаҳои бархеи рӯҳониёни кишвар аз дӯконҳо натиҷаи ҳамин нигоронӣ гуфта мешавад.

Чанде қалб ҳам таҳлилгарони маркази исломшиносии Тоҷикистон чанде аз иштибоҳот дар мавзъизаи хутабо, домуллоҳо ва рӯҳониёнро ошкор кардаанд.

Дар як сӯҳбати қаблӣ Анвари Маҳрамзод, коршиноси маркази исломшиносии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар он мавъизаҳо таҳқири шаҳрвандон, намояндагони динҳои дигар ва алфози қабеҳ ба гӯш мерасад. Аммо ҳам ӯ афзуд, ки таҳлилҳое, ки маркази онҳо дар баробари мавъизаву амри маъруфҳо анҷом додааст, далели нармиши гуфтори воизин ва хутабову рӯҳониён шудааст.

Наворгири радиои Озодӣ пайи мушоҳидаи вазъ дар бозору кӯчаҳо ва масоҷиду намозгузорӣ буд:
:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG