Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чирикиҳоро дар Яман кӣ таъмини силоҳ мекунад?


Вазири умури хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ иддаоҳо дар мавриди пуштибонии Теҳрон аз гурӯҳҳои чирикӣ дар Яманро радд карда, гуфт, Эрон дар кулли минтақа хостори субот аст.
Яман дар моҳи гузашта дар бораи боздошти киштие хабар дод, ки ба шиъаҳои зайдӣ дар шимоли Яман силоҳ мебурд ва маллоҳонаш эронӣ буданд.
Раисиҷумҳури Яман Алиабдуллоҳ Салоҳ гуфт, рӯҳониёни эронӣ дар таъмини чирикиҳо бо силоҳ даст доранд.
Яман, ки бахши бузурги ҷамъияташро сунниҳо ташкил медиҳанд, дар вилоёти ҷанубаш бо ҷангиёни Ал-Қоида ва ҷудоиталабон ва дар шимол – алайҳи чирикиҳои шиъа набард мекунад.
XS
SM
MD
LG