Пайвандҳои дастрасӣ

Ба ҳақситонӣ муттаҳам шудани Зардорӣ


Бино ба хабарҳо, раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ дар ситондани ҳаққи худ аз фурӯши 3 киштии зеридарёии фаронсавӣ ба артиши баҳрии Покистон гумонбар дониста мешавад. Рӯзномаи фаронсавии "Liberation" навишт, асноди бадастовардааш ҳокист, ки Зардорӣ аз фурӯши се киштии навъи “Agosta 90” 4,3 миллион доллар ба даст овардааст.
Бар изофа, муфаттишон бар ин боваранд, ки пардохт нашудани куллия ҳаққи ваъдашуда дар соли 2002 ҳалокати 11 шаҳрванди Фаронса бар асари як ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Карочии Покистонро дар пай доштааст.
Гузориш мегӯяд, ин аснод ҳанӯз дар соли 2001 аз ҷониби мақомоти Бритониё ба Идораи миллии бозрасии Покистон ирсол шуда буд. Зардорӣ бо иттиҳоми даст доштан дар мавориди дигари фасод чандин солро дар ғурбат ба сар бурдааст.
XS
SM
MD
LG