Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунин дар Чорсадаи Покистон


Пулиси Покистон гуфт, ки имрӯз бар асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар шимолуғарби ин кишвар дастикам 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Бар асари таркиш дар шаҳри Чорсада беш аз 40 тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба бархе гузоришҳо, ҳамла интиҳорӣ буда, мошини бомбгузоришуда дар як минтақаи пуриздиҳоми шаҳр таркидааст. Шимолуғарби Покистон дар ин авохир шоҳиди як силсила ҳамлаҳои хунин шуд.
Таҳрики Толибони Покистон гуфтааст, дар посух ба амалиёти густардае, ки артиши Покистон дар сарзаминҳои қабиланишини наздик ба марзи Афғонистон алайҳи ҷангиёни ин гурӯҳ ба роҳ андохтааст, мизони ҳамалоташро хоҳад афзуд.
XS
SM
MD
LG