Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ба Афғонистон боз 5 миллиард $ кӯмак мекунад


Вазорати умури хориҷии Ҷопон гуфт, ки Ҷопон тайи 5 соли оянда ба хотири мусоидат ба эъмори муҷаддади Афғонистон ба он кишвари ҷангзада то 5 миллиард доллари дигар кӯмак хоҳад кард. Ҷопон гуфт, ин кӯмакҳо дар соҳоти мушаххас, аз ҷумла эъмори нирӯҳои пулиси Афғонистон ва барномаҳои кишоварзӣ ва эҳдоси зербино масраф хоҳанд шуд.
Ин хабар дар пешорӯи боздиди раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз Токио нашр шуд. Обама рӯзҳои ҷумъаву шанбеи ҳафтаи равон дар Токио бо сарвазири Ҷопон Юкио Ҳатояма мулоқот мекунад. Ҷопон феълан дар уқёнуси Ҳинд дар амалиёти таъминоти нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон ширкат дорад, вале замони ин маъмурияташ дар моҳи январ ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG