Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати хешовандони кӯҳнавардони боздоштшуда


Аъзои хонаводаҳои 3 кӯҳнаварди амрикоӣ, ки беш аз 3 моҳ боз дар Эрон таҳти боздошт қарор дошта, акнун эҳтимолан ба додгоҳ кашонида хоҳанд шуд, иттиҳомоти мақомоти Эрон дар мавриди дар ҷосусӣ даст доштани онҳоро радд мекунанд.
Додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ дирӯз гуфт, ки 3 шаҳрванди Амрико – Шейн Бауэр ва Ҷош Фаттали 27-сола ва Сара Шоурди 31-сола ба ҷосусӣ муттаҳам мешаванд.
Хешовандони онҳо дар як баёнияи хаттӣ аммо ин иттиҳомро радд карда, “ғайривоқеъӣ” номидаанд.
Онҳо аз мақомоти Эрон даъват кардааст, “ҳусни шафқат нишон дода”, ҳарсеро “бидуни таъхир” раҳо кунанд.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва Кохи Сафед низ иттиҳомоти эълонкардаи мақомоти Эронро радд кардаанд.
XS
SM
MD
LG