Пайвандҳои дастрасӣ

"Суғдиён" аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ба парвоз омад


Ширкати хусусии “Суғдиён” эълон кард, ки ба анҷоми парвозҳои ҳавоӣ дар масири Қӯрғонтеппа-Магнитогорск шурӯъ кардааст. Парвозҳо дар ин масир моҳе ду маротиба ва тавассути ҳавопаймои “Боинг-757”, ки ширкат ба иҷора гирифтааст, анҷом дода хоҳанд шуд. Муовини раиси ин ширкат Баҳром Шерматов ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфт, феълан ин парвозҳо чартерӣ буда, дар оянда “Суғдиён” роҳандозии парвозҳои доимӣ аз ҷумла ба шаҳрҳои Маскаву Нижний Новгород ва Хантӣ-Мансийски Русияро низ дар нақша дорад. Ширкати “Суғдиён” 2 сол қабл таъсис ёфта, вале ба фаъолияти амалӣ дар риштаи ҳавопаймоии Тоҷикистон акнун шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG