Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

6 мавриди худкушӣ дар як ҳафта дар вилояти Суғд


Тайи ҳафтаи гузашта дар шимоли Тоҷикистон 6 мавриди худкушӣ сабт шудааст. Мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд гуфтаанд, танҳо дар як маврид, ки як духтари 18-сола дар Хуҷанд бо роҳи истеъмоли дору ба ҷони худ даст зада буд, табибон тавонистаанд ӯро наҷот диҳанд. 5 мавриди боқӣ тавассути ба дор овехтан сурат гирифта, мунҷар ба ҳалокати афрод шудааст. Мақомот мегӯянд, синни афроди даст ба ҷони худ зада аз 16 то 36 сол буда, ҷавонтарини онҳо як навраси 16-сола аз Исфара будааст, ки худро ба дор овехт.
XS
SM
MD
LG