Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври 18-уми лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бар тими «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Тими «Ҷавонон»-и Турсунзода бар дастаи мизбон - «Локомотив»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Вале дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент бидуни бозӣ соҳиби се имтиёз гардид, зеро рақибаш дастаи «Саройкамар»-и Панҷ ба бозӣ ҳозир нашуд. Инчунин тими «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ низ бидуни бозӣ се имтиёз ба даст овард, чунки рақибаш «Панҷшер»-и Румӣ аз қувваозмоӣ даст кашид. РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанбе ҳам бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд, зеро рақибаш «Барқ»-и Норак ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар бозиҳои давраи дуввуми мусобиқа даст кашидааст.

Дар ҳамин ҳол дастаҳои «Саройкамар» ва «Хайр» 39-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Саройкамар» (47-21) дар ҷои аввал ва «Хайр» (45-22) дар ҷои дуввум қарор доранд. Дастаи «Ҷавонон» бошад, бо 38 имтиёз дар ҷои севум аст. Ин се дастаи пешсаф барои ширкат дар мусобиқаи соли 2010 байни тимҳои лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.

Ду бозии охирини мусобиқаи имсола 12-уми ноябр байни дастаҳои РШВСМ – «Хайр» ва «Саройкамар» - «Ҳулбук» баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки аз натиҷаи ин бозӣ тақдири медалҳои тиллову нуқраи мусобиқа бастагӣ дорад. Ва аммо новобаста аз натиҷаи ин ду бозии охирин мавқеи дастаи «Ҷавонон» дар ҷадвали мусобиқа тағйир нахоҳад ёфт. Футболбозони шаҳри Турсунзода, ки бо 38 имтиёз ҷои севумро касб карданд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG