Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши вазирони дифои ИДМ дар Душанбе


Нишасти 57-уми Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯз, 10-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати дифои Тоҷикистон, интизор меравад дар ин ҷаласа ҳайатҳои вазоратҳои даҳ кишвари ИДМ ширкат кунанд. Ҷониби Туркманистон, ки дар ин созмон мақоми нозирро дорад, дар байни ширкаткунандагони нишаст номбар нашудааст.

Мавзуи калидии нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои муштаракулманофеъ дар Душанбе баррасии стратегияи ҳамкориҳои низомӣ то соли 2015 ва ҳамчунин татбиқи нақшаи кории ин шӯро барои соли оянда унвон мешавад.

Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 1992 ташкил шудааст. Дар ҳоли ҳозир ин созмон 11 кишвар узв дорад. Ахиран 12-ум кишвари узви ин созмон – Гурҷистон расман аз ҳайати он хориҷ шуд.

Нишастҳои ин Шӯро ҳарсола ва баъзан якчанд бор дар сол баргузор мешавад. Вале иддае аз таҳлилгарон ин ҳамоишҳоро маросимӣ ва номуассир унвон мекунанд. Зеро тайи 17 соли фаъолияти ин Шӯро дар паҳнои Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракулманофеъ фазои умумии амниятӣ фароҳам нашудааст ва бархе аз кишварҳои ин паҳно байни ҳамдигар муносиботи хасмона доранд.

Дар бораи ҷузъиёт ва натоиҷи нишасти Душанбе дар давоми рӯз матлаби хабарнигори радиои Озодӣ нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG