Пайвандҳои дастрасӣ

Обама дар маросими Форт Ҳуд суханронӣ мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз Барак Обама-раиси ҷуимҳури Амрико дар маросими ёдбуди 13 сарбози қурбоншудаи Амрико дар Форт Ҳуди аёлати Техас суханронӣ кунад. Гуфта мешавад, ки ин 13 сарбоз аз тири як пизишки равоншиноси низомӣ кушта шудаанд. Кормандони шифохона мегӯянд, саргурд Низол Малик Ҳасан, марде ки ин кушторро анҷом додааст, тақрибан ба ҳуш омадааст ва дар рӯзҳои наздик ба гап медарояд. Ҳасан 39 сол дорад ва дар ҷарёни тирандозиҳо аз тири пулис захмӣ шудааст. Дар ҷараёни расидагиҳо ин масъала таҳқиқ мешавад, ки оё Ҳасан бо афроди ал Қоида иртибот доштааст ё хайр.
XS
SM
MD
LG