Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди Обама ба аҳдномаи нави START


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, вай интизор дорад, ки Амрикову Русия аҳдномаи START ё коҳиши зарродхонаҳои стротегии худро имзо мекунанд. Вай ин нуктаро дар мусоҳибае бо хабаргузории Ройтерз дар Вошингтон изҳор дошт. Ин аҳднома моҳи декабр ба поён мерасад ва аз замоне, ки баъзе ҷузъиёти ин аҳднома дар моҳи июли соли ҷорӣ дар мулоқоти Барак Обама ва Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ба тавофуқ расонда шуд, ҳайатҳои музокираи Русияву Амрико рӯи он кор мекунанд. Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, интизор меравад, ки Барак Обама бо Дмитрий Медведев 15-ӯми ноябр дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором дар Сингапур бо ҳам мулоқот кунанд.
XS
SM
MD
LG