Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои Фарҳанги Қироғизистон дар Хуҷанд


Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд-маркази вилояти Суғд рӯзҳои Фарҳанги ҷумҳурии Қирғизистон оғоз мешавад. Бино ба хабари дафтари матбуотии вилояти Ботканди Қирғизистон, дар чаҳорчӯбаи ин рӯзҳои фарҳангӣ дар давоми як ҳафта аз телевизиони вилояти Сӯғд филмҳои қирғизӣ ба намоиш медарояд. Намоишгоҳи осори ҳунарӣ ифтитоҳ меёбад ва ҳунармандони қирғиз дар театрҳои Хуҷанд осори худро ба намоиш мегузоранд. Ҳадаф аз баргузории Рӯзҳои Фарҳанги Қирғизистон дар вилояти Суғд тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷонибаи ду вилояти ҳаммарзи Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG