Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Бино ба иттилоъи хабаргузории Регнум Новостии Русия дар наздикии Маскав дар шаҳри Раменское ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба қатл расондаанд. Кумитаи расидагии додситонии Русия гуфтааст, ҷасади ин ду нафар 6-ӯми ноябр пайдо шудааст. Онҳо аз чанд зарби корд ба баданашон ҷон додаанд. Бино ба маълумоти манбаи мазкур, ду сокини шаҳри Раменское ба эҳтимоли даст доштан дар ин куштор боздошт шудаанд. 7-ӯми ноябр дар деҳаи Митинки, воқеъ дар ноҳияи Серпухов ҷасади хонуме аз Тоҷикистон пайдо шудааст. Вайро бо зарбау ба сараш куштаанд. Як шаҳрванди 28-солаи Ӯзбекистон дар робита бо ин куштор боздошт шудааст. Аз афроди кушташуда ва боздоштшудагон ном бурда намешавад.
XS
SM
MD
LG