Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе нишасти вазирони дифоъ шуруъ мешавад.


Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои мустақили ҳамсуд баргузор мешавад. Дар он вазирони Озарбойҷону Арманистон, Белорусу Қазоқистон, Қирғизистону Русия, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Украина ширкат мекунанд. Шикаткунандагон назарияи ҳамкориҳои низомии кишварҳои узв то соли 2015-ро баррасӣ мекунанд. Дафтари матбуотии вазорати дифои Русия ба матбуот гуфтааст, ба ин назария густариши низоми муштараки дифои зиддиҳавоӣ, таъмини нируҳо бо таҷҳизоти раҳнамо ва харитаҳо, амнияти парвозҳо, таҳкими равандҳои ҳамгероӣ ва амсоли он шомил мешавад. Ширкаткунандагон ҳамчунин нақшаи ҳамкориҳои низомӣ барои соли 2010-ро баррасӣ мекунанд ва ба тасвиб мерасонанд.
XS
SM
MD
LG