Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими 20 солагии фурӯпошии Девори Берлин


Маросими бузургдошт аз 20-ӯмин солгарди фурӯпошии Девори Берлин бо фурӯ рехтани пораҳои рамзии девор ба авҷи аълои худ расид. Ин пораҳои рамзӣ дар масофаи 2 километр мисли донаҳои домино он гуна пайдарҳам чида шуда буданд, ки дар сурати афтодан бо навбат яке ба дигарӣ бармехӯрд ва онро сарнагун мекард. Ин пораҳоро Лех Валенса-раиси ҷумҳури собиқи Полша дар Берлин-пойтахти Олмон пайдарҳам чида буд. Валенса дар солҳои 1980-ӯми қарни гузашта яке аз бунёдгузорони ҷунбиши иттиҳоди тоҷирон буд, ки номи "Солидарност"-ро дошт. Сарнагунии ин пораҳои рамзии девор дар маросиме дар назди дарвозаҳои Бранденберги Берлин бо худ ёде аз сарнагунии режими тоталитарии кумунистӣ дар Аврупои Шарқиро дошт. Дар маросим Ангела Меркел-нахуствазири Олмон, раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия- Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса, Гордон Браун-нахуствазири Британия, хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико ширкат ва суханронёӣ карданд.
XS
SM
MD
LG